ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНУ ГУЛҲО ДАР ШАҲР ВУСЪАТ МЕЁБАНД!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Санаи 10-умифеврал дар кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар як маъракаи шинонидани гулбутта ва дарахтони ороишӣ аз тарафи ташкилотҳои ибтидоии шаҳр ба анҷом расонида шуданд.

   Ин як иқдоми нек ва созанда мебошад, зеро аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо дастуру роҳнамо аст, ки: "Ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем ва ба наслҳои ояндаи кишвари зебо мерос гузорем!".