АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОР ВА ШАРАФ АСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон майли ба сафи ҲХДТ шомил гардидани ҷавонон хеле зиёд гардида истодааст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар низ ҷиҳати аз ҳисоби ҷавонони ғаюру далер ва ба сиёсати имруза содиқ сафи аъзои ҲХДТ-ро зиед намуда истодааст. Яке аз чунин ҷавон, омӯзгори ватандӯст Чинорзода Юсуфҷони Нарзиқул аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками №16-и шаҳр мебошад, ки мехохад ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шавад. Охун Раҳимов - мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳр бо ин ҷавон ҷиҳати ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ суҳбат намуда, дар бораи мақсаду мароми ҳизб, нақши аъзо ва фаъолони ҳизб дар ҳаёти давлату миллат бо сарварии Раиси ҲҲДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои ба ҳизб қабул шуданро фаҳмонид.

Аъзои ҲҲДТ будан ифтихор ва шараф аст ва саҳм гузоштан дар пешравии давлату зиндагии шоистаи мардум боиси ифтихор аст!