МЕҲНАТ - МУҲИТ ВА ОДАМРО ОБОД МЕНАМОЯД!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

     Санаи 3-юми феврали соли ҷорӣ аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо" дар МТМУ №12 ҳашари дастаҷамъона дар заминҳои гирду атрофи муассиса гузаронида шуд. Талабагон бо як шавқи зиёд меҳнат мекарданд. Ин ҳам аз тарафи ҷисмонӣ ба наврасон фоидабахш аст ва ҳам аз тарафи тарбияи меҳнатдӯстиву ободкорӣ. Зеро ҳар як ҷаҳде, ки онҳо имрӯз бо белу каланд менамоянд, онҳоро ба он роҳнамои менамояд, ки инсон дар ҳаёт бо меҳнат ва ҳаракат кардан ба мақсади худ мерасад.

Ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки меҳнат аввал муҳитро обод менамояд ва муҳит, ки ободу зебо гашт, сипас инсонро худи муҳит обод менамояд! Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ диққати махсус ба он гузоштанд, ки: "Мо бояд ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем ва ба наслҳои оянда ватани ободу зебо мерос гузорем!".