ПАЁМ - БАРНОМАИ КОРИИ МОСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чорводор" оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Роҳила Давлатова иштирок кард.

Дар назди ҳозирин Роҳила Давлатова баромад намуда қайд карданд, ки дар ваъзияти имрузаи ноороми ҷаҳон бояд зиракии сиёсиро аз даст надод ва дастгирии худро дар сиёсати мардумӣ ва ватандустии муҳтарам Пешвои миллат дареғ надошт.

Ҳамчунин аз Паём иқтибос оварда шуд, ки: "Вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст.

Дар баробари ин, тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.

Воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст. Воридоти шир ниҳоят кам ба қайд гирифта шудааст. Яъне ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст.

Хотиррасон менамоям, ки дар замони сохти гузашта ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид. Фаромӯш набояд кард, ки дар се даҳсолаи гузашта аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион расид, яъне талабот ба маводи ғизоӣ ду баробар афзоиш ёфт".

Бо инобати гуфтаҳои боло бояд баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ бояд ҳар як шахси масъул ҳаракат намояду саҳмгузор бошад.