ПАЁМ - БАРНОМАИ КОРИИ МОСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Даво" оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон иштирок кард.

Дар назди ҳозирин Саидзода Раҳмон муовини раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳр баромад намуда қайд карданд, ки дар ваъзияти имрузаи ноороми ҷаҳон бояд зиракии сиёсиро аз даст надод ва дастгирии худро дар сиёсати мардумӣ ва ватандустии муҳтарам Пешвои миллат дареғ надошт.

Ҳамчунин дар бобати қисми ба тиб ва тандурустӣ нигаронидаи Паём гуфта шуд, ки ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Моҳи декабри соли 2023 бошад бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати кору фаъолият дар соҳаи тандурусти мебошад!

Қобили зикр аст, ки дар охири ин вохурӣ ба як қатор аъзоёни нави ҳизб аз шумораи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Даво" шаҳодатномаи ҳизбӣ тантанавор супорида шуд.