БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №12-И ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 27-уми январи соли ҷорӣ дар МТМУ №12-и шаҳри Бохтар Амалиёти муштарак зери унвонии "Соати сиёсӣ" баргузор гардид.
Дар ин “Соати сиёсӣ” мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Раҳимов Охун, муовини директори муассиса Бобохонов Маҳмудулло ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Амалиёти мазкур масъулин вобаста ба мавзуҳои – вазъияти ҳуқуқии талабагон ва муаллимон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, интихоби касб ва тайёрӣ ба имтиҳонҳои Маркази Миллии Тестӣ, хизмат дар сафӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷистон ва саҳмгузорӣ ва нақши онҳо дар ободиву пешрафтӣ ватани азизи мо Тоҷикистон - миёни хонандагони синфҳои болоӣ суҳбат гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки мақсади баргузори Аммалиёти мазкур, ин тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсӣ онҳо мебошад.
Ҳамингуна баргузории ин Амалиётҳо барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 мусоидат менамояд.