ШАҲРИ АЗИЗИ МО ОБОД ШУДА ИСТОДААСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ободии ҳар маҳал ва макон аз ватандустиву тафаккури васеъи ҳар як сокин сар карда, то роҳбари болои ҷамъият рафта мерасад. Ҳамингуна Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомали Раҳмон дар тули кору фаъолияти худ кушишу ҳаракатҳои худро баҳри оромиву осудагӣ ва азнавсозию таҷидиди сохти давлатдорӣ ва инфрасохтори ҷамъиятӣ равона намудааст.
Дар муқоиса дар солҳои пеш, маълум ва даққиқ аст, ки ҳар гушаи кишвари соҳибистиқлоламон рӯз то рӯз ободу хуррам гашта истодааст.
Дидан мумкин аст, ки дар шаҳри Бохтар низ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагӣ дар ҷараён аст.
Масалан имрӯзҳо дар маҳаллаи “Дустии Халқҳо” корҳои таҷдиду руйпуш намудани заҳбурҳо рафта истодааст, ки ин ҳама дар ободонию бехатарии шаҳри Бохтар ҳусну таровати нав мебахшад.