БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР МАҲАЛЛАИ ҒАЙРАТИ ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
    Санаи 6-уми январи соли ҷорӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар бо ташаббуси шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, дастаҷамъии сокинони маҳалла ва бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, амалиёти умумивилоятӣ оид ба тозаю озода намудани дохил ва гирду атрофи оромгоҳҳо таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид.
Сокинон дастаҷамъона ба ҳашар баромада гирду атрофи оромгоҳро ба тартиб дароварданд. Инчунин даромадгоҳ, роҳравҳо ва бехҳои дарахтону ҷўйборҳои обгузарро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуда, саҳми арзандаи худро дар ин кори хайр гузоштанд.