ОБОДИИ ГӮШАЕ АЗ ВАТАН - ОБОДИИ ХОНИ МОСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
   Зери чунин унвон, санаи 4-уми январи соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи ҲХДТ, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар як қатор корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома ёфта истодааст.
Дар партави ташаббусҳои созанда аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, дар ду кӯчаи маҳаллаи Бохтариён маъракаи сангфаршкунии роҳҳо бо ташкили ҳашари дастаҷамъонаи сокинон идома ёфта истодааст.
Боиси тазаккур аст, ки пештар роҳи ин ду кӯча ҳоли начандон хуб дошт, ки дар фасли боришот роҳ рафтан дар ин кӯчаҳо душвор мешуд, мегӯянд сокинони ин кӯчаҳо.
Ҳамакнун, ки сангфарш шудаву тахту ҳамвор гардид, сокинон аз ин иқдоми хайр шод гардида, миннатдории худро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саргаҳи ин ҳама корҳои ободонию созандагӣ қарор доранд, расониданд. Масъулон азм доранд, ки дар оянда ҳарду кӯчаро чароғон, ва ду тарафи роҳро бо ҷӯйборҳои бетонӣ барои поёноб ва роҳҳои сангфаршшударо асфалтпӯш намоянд.