АЁДАТИ ХОНАНДАГОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Санаи 30 - юми декабри соли ҷорӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Роҳнамо”  ба аёдати ятимони кул, хонандагон аз оилаҳои камбизоат, имконияташон маҳдуд ва хонаи пиронсолон рафтанд.

  Зимни аёдат ба ятимони кул, кӯдаконе, ки ба таълими хонагӣ фаро гирифта шудаанд ва хонандагон аз оилаҳои камбизоат кӯмаки яквақта, аз қабили орд, равған ва шириниҳо расонида шуд.