АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ҲУДУДИ ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ободу зебо гардонидани маҳалли зист, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани шанбегиҳо аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пайваста иқдом гирифта мешавад.

Санаи  23-юми декабри соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар аксияи тозагии маҳал баргузор гардид, ки дар он тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, кормандони корхонаҳою ташкилотҳо муассисаҳои таълимию тиббӣ ва сокинони шаҳр иштироки фаъолона намуда, дар ободинии шаҳр саҳми худрогузоштанд.