ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА.

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 23-юми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва дар асоси дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар шанбегии дастаҷамъона дар ҳама маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид. Роҳбарият, кормандон ва волонтёрони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ҳашари шанбегии маҳаллаи Борбад иштирок намуданд.
  Кормандону волонтёрони ҳизбӣ, раиси маҳаллаи Борбад ва сокинон ба тозаву озода намудани саҳни биноҳо, гулгашту хиёбонҳо ва сарзабзу хуррам намудани он баромаданд. Дар ин рӯз аз ҷониби онҳо гирду атрофи дарахтон аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза ва нарм карда шуд.
  Албатта, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва назди муассисаву ташкилоту хонаи истиқоматӣ аз маданияти баланди кормандону истиқоматкунандагонаш шаҳодат медиҳад. Ин иқдом ҳамарӯза идома дошта, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дар ободонии шаҳр саҳми арзандаи худро гузорем.