ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РЎЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
  Ба муносибати “ Рӯзи Энергетикҳо” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис Давлатова Роҳила, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Шарифзода Илҳом, роҳбари шабакаҳои барқи шаҳр, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд. Аз номи Кумитаи иҷоияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Роҳила Давлатова, тамоми кормандони ташкилотро ба рўзи фархундаашон шодбош гуфт.
Зикр шуд, ки яке аз ҳадафҳои барномаии ҲХДТ ин ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Бо пурра ба истифода додани неругоҳҳои хурду бузург, махсусан НБО-и «Роғун» Тоҷикистон ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ мушарраф мегардад, ки он бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ мебошад. Нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ - воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад. Дар охири чорабинӣ як қатор фаъолон бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.