"САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН "

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
    Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зери унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман " аксияи тозагӣ баргузор карда шуд.
Ин амал бо мақсади тозаю озода намудани гирду атрофи шаҳр бо ҷалби 20 нафар волонтёрони ҳизбӣ аз Литсейи касбии техникӣ, ташкил ва гузаронида шуд. Волонтёрон кучаҳои шаҳрро аз партовҳо тоза намуданд. Аксия зери роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Раҳмон Саидзода ва узви ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” омӯзгори Литсейи касбии техникӣ, Партовов Набиҷон, гузаронида шуд. Волонтёрон дар кӯчаҳо тақсим гардида, як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расонида, гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз партовҳо тоза намуданд. Мавриди зикр аст, ки баргузории аксияи тозагии маҳал зери унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман " бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ ҳар ҳафта дар маҳаллаҳои шаҳр баргузор мегардад.