МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО.

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз низ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корхонаву муассиса, сокинони шаҳри Бохтар ва ҳамзамон Раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба ҷамъоварии ҳосили пахта сафарбар гардида, дар маъракаи ҷамъоварии тиллои сафед иштироки фаъолона намуданд. Ҳашарчиён бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед ба хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди шаҳр кумаки худро расонида, дар ин кор саҳми арзандаи худро гузоштанд. Махсусан дар ҷамъоварии ҳосили пахта саҳми аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизби "Роҳнамо"-ро (Шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимиву томактабӣ) назаррас мебошад.