РИОЯИ ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ БАРОИ ҲАР ЯК НАФАР ҲАТМИСТ.

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 25-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади бурдани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои Борбад ва Дустии халқҳои шаҳр бо сокинон вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Ҷумахон Меҳмондустзода иштирок намуданд. Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Бохтар, корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди тозагии маҳал мунтазам баргузор мегардад, вале баъзе сокинон, хусусан волидон барои бурдани партовҳо кудакони хурдсолро сафарбар менамоянд, ки ҳато кудакон партовҳоро дар роҳ мепартоянд.
Мо сокинони шаҳр бояд ин камбудиҳоро дар якҷоягӣ бартараф намоем ва кудакони хурдсолро ба партовгоҳҳо равона насозем ва барои ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳои шаҳр камари ҳиммат бандем..
Вазифаи мову шумо волидони азиз дар шароити имрӯза аз он иборат аст, ки мо арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамонро ҳифз намуда ҳамеша барои ободу зебо гарданидани шаҳри маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.