ОБОДИИ ШАҲР МАРОМИ МО, СОКИНОН АСТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 21-уми октябри соли ҷорӣ дар тамоми мавзеҳову гӯшаҳои шаҳри Бохтар баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳр бо иштироки аксарияти роҳбарон, кормандону сокинони шаҳр, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегии дастаҷамъона доир карда шуд.

Бо ин мақсад аъзоёни ташкилоти ибидоии ҳизбии “Номбардори Ватан” (Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Бохтар) дар кӯчаи Борбад ҳашари дастаҷамъона баргузор намуданд, ки дар он инчунин, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло иштирок намуда, дар шанбегии мазкур саҳми худро гузоштанд.

Дар рафти баргузории шанбегӣ аз ҷониби раиси шаҳр қайд карда шуд, ки ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи шаҳр ба ҳар як инсон вобастагии калон дошта, қарзи ҳамешагии мо, сокинони шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад.

Маврид ба ёдоварист, ки баргузории чунин шанбегиҳои дастаҷамъона баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон буда, иштироки фаъолонаи онҳо нишонаи баланди маданияти шаҳрдорӣ мебошад.