БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар Амалиёти муштарак зери унвони "Соати сиёсӣ" доир гардид.
Дар «Соати сиёсӣ» намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, намояндагони шуъбаи маориф, Бахши ҷавонон дар шаҳри Бохтар, директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагон иштирок ва дар мавзуъҳои “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани Аммалиёти мазкур тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсӣ онҳо мебошад.