ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР КӮЧАИ БОРБАДИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ободу зебо гардонидани маҳалли зист, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани шанбегиҳо аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пайваста иқдом гирифта мешавад.
Дар ин замина санаи 19-уми август аз ҷониби як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.
Дар ин рӯз аъзои ҲХДТ ҷиҳати тозаю озода намудани назди бинои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва кӯчаҳои шаҳри Бохтар ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи бино ва бехҳои дарахтон ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафу партовҳо тоза намуданд.