ИДОМАИ ШАНБЕГИҲО АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 12-уми август аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Қасри фарҳанг" дар баробари дигар ташкилотҳои ибтидоӣ шанбегӣ баргузор намуданд.
Дар ин шанбегӣ иштирокдорон ба тоза намудани гирду атрофи корхонаю муассисаҳои худ диққати ҷиддӣ дода, барои нарм намудани бехҳои гулу дарахтони ороишӣ, даравидани алафҳо корҳои назаррасеро анҷом доданд.
Баргузории чунин шанбегиҳои дастаҷамъона дар дигар мавзеъҳои шаҳр низ бо маром идома дорад.