БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 12-уми августи соли равон аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Номбардори Ватан" (Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Бохтар) дар кӯчаи Борбад шанбегӣ доир гардид.
Дар шанбегӣ, кормандон роҳраву гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ воқеъ дар назди бинои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлонро аз алаф ва ҳар гуна партовҳо тоза намуда, бехҳои дарахтонро нарм карда, гирду атрофи гулгашти мазкурро ба тартиб дароварданд.