БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "РАЁСАТИ ТЕЛЕВИЗИОН"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар маъракаҳои ободониву тозагӣ санаи 12-уми августи соли равон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Раёсати телевизион" ҳашари дастаҷамъона баргузор намуданд.
Дар ҳашари мазкур кормандон бехҳои дарахтону гулҳои ороишии назди бинои телевизионро нарм намуда, гирду атрофро аз ҳар гуна партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд.