БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 12-уми августи соли 2023 ҳайати кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхонаи вилоят” тасмим гирифтанд, ки дар баробари дигар ташкилотҳои ибтидоӣ саҳми арзандаи худро дар тозаю озода нигоҳ доштани як гӯшаи шаҳри Бохтар гузоштан бо дарки масъулияти баланд шанбегӣ баргузор намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки баргузории чунин корҳои ободонию созандагӣ аз тарафи аъзо ва ҷонибдорон, сокинони шаҳр пайваста бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона гузаронида мешавад.