ТОЗАГИИ ШАҲР МАРОМИ МОСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Аъзоён ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Кохи фарҳанг”, “Осорхонаи вилоятӣ” ва “Китобхонаи вилоятӣ” санаи 29-уми июли соли ҷорӣ бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани назди биноҳои худ шанбегӣ доир намуданд.
Аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ дар шанбегии мазкур як қатор корҳоро, аз қабили нарм намудани бехҳои дарахтони ҳамешасабзу сояафкан, ба тартиб даровардани гулҳои оришиву мавсими ва тоза намудани гирду атрофи бино ва роҳраву гулгаштҳо аз алафу партовҳо ба анҷом расониданд. Ёдовар бояд шуд, ки чунин корҳои ободонию созандагӣ дар дигар мавзеҳои шаҳр низ бо маром идома доранд.