Шаҳрамонро ободу зебо мегардонем!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20-уми июли соли 2023 аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Раёсати телевизион" баҳри тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи бинои муассиса шанбегии дастҷамъона баргузор карда шуд. Дар шанбегии мазкур кормандон  роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуда, бехҳои ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои ороиширо нарм намуданд. Баргузор намудани чунин шанбегиҳо  баҳри ободию зебоӣ ва хуррамгардонии як гӯшаи диёри азизамон минбаъд низ дар назар аст.