БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР МАҲАЛЛАИ ИСТИҚЛОЛИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
   Санаи 25-уми июни соли ҷорӣ дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар бо ташаббуси шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, дастаҷамъии сокинони маҳалла ва бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид.
Сокинони маҳалла дар ин рӯз ба ҳашари дастаҷамъона баромада гирду атрофи оромгоҳро ба тартиб дароварда, инчунин даромадгоҳ, роҳравҳо ва бехҳои дарахтону ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд.