КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо мақсади таъмини шароити мусоид роҳҳои маҳаллаи Навободи шаҳри Бохтар мумфарш карда шуд.

Ин амали созандагиву бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллаҳою хиёбонҳо бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ватани ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён аст.

Лозим ба ёдоварист, ки заҳмати бевоситаи соҳибкорон ва сокинони маҳалаҳо дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон назарас буда, имрӯзҳо ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар корҳои созандагии маҳалли худ, махсусан аз хонаи худ сар карда то ба ҷойҳои ҷамъияти саҳмгузор бошанд.