КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА ДАР МАҲАЛЛАҲОИ ШАХРИ БОХТАР!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Кумитаи Рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Роҳбарияти Кумитаи мазкур аз 2 юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар қарор доранд.

Вобаста ба ин ҳамарӯза гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Кумитаи Рушди маҳалли назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Бахши кор бо занон ва оила дар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар вобаста ба расонидани мӯҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зидди сухтор, худдорӣ кардан аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, кишти картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин кишти такрорӣ, баланд намудани ҳосилнокии зироатҳо ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.