БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №4-И ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
   Дар асоси амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-апрел дар МТМУ № 4-и шаҳри Бохтар Амалиёти "Соати сиёсӣ" бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Каримова Муслима ва директори муассиса Солиева Дилбар дар мавзуъҳои
1.“Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”,
2."Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ”,
3.“Мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм” баргузор гардид.
Амалиёти мазкур ҳар охири моҳ бо иштироки омӯзгорони фаъол байни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузор намудани Аммалиёти мазкур тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсии онҳо мебошад.