БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ТРАНСФОРМАТОР"

Бохтар: Ҳисобот  
     Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Трансформатор" маҷлиси ҳисоботӣ оиди ҷамъбасти фаъолияти семоҳа баргузор гардид. Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Қаюмов Саидислом иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Трансформатор" Қаюмов Саидислом оиди натиҷагирии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар семоҳаи аввали 2023 шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
   Дар охир Давлатова Роҳила ба сухан баромада, фаъолияти ташкилоти мазкурро дар се моҳи аввали соли ҷорӣ қаноатбахш ҳисобида, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббуси панҷуми Пешвои миллат дар бораи эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон ибрози андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуд.