НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ОМОРИ ВИЛОЯТ"

Бохтар: Ҳисобот  
   Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омори вилоят” маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳа баргузор гардид. Дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила иштирок намуд. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омори вилоят» Ҳакимзода Қурбон оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд.
   Дар идомаи маҷлис Давлатова Роҳила намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромад оиди фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 "Соли ҳифзи байналмилалии пиряхҳо", вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар мавзуҳои муҳим суҳбат намуданд.