НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "КУМАКРАСОН"

Бохтар: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумакрасон” маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъоляти семоҳа баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила иштирок намуд. Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кумакрасон» Турахонова Зарина оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд.                                                                                                                                   

Сипас, дар идомаи маҷлис Давлатова Роҳила намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромад оиди иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, эълон гардидани Соли 2025-Соли ҳифзи байналмилалии пиряхҳо, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар мавзуҳои муҳим суҳбат намуданд.