ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ИСАИ ШАҲР"

Бохтар: Ҳисобот  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оиди баргузории маҷлисҳои ҷамъбасти фаъолияти семоҳа имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ИСА-и шаҳр” бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид.

Нахуст маҷлисро Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “ИСА-и шаҳр” Гулов Комрон кушода, зимни баромади худ оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳисобот дод.

Сипас, дар фарҷоми маҷлис Қаҳҳоров Искандар- намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон избрози андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуд.