ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
    Санаи 9-уми апрели соли равон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани саҳни бинои худ зери унвони "Ободии диёр мароми мост!"шанбегӣ доир намуданд.
    Дар шанбегии мазкур кормандон бехҳои дарахтони ороиширо нарм ва аз алафҳои бегона тоза намуда, гирду атрофи биноро ба тартиб дароварданд.
   Инчунин баҳри боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни бино дар гулгаштҳои он 800 адад гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида шуд.