БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №12-И ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
     Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ дар толори МТМУ № 12 шаҳри Бохтар бо иштироки мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Баротов Ҷаъфар ва директори муассиса Давлатзода Зайдулло Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.
     Дар Амалиёти муштарак аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ иштирок намуда, вобаста ба мавзуҳои “Ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»,
“Сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Хатари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа” маърӯзаҳо намуданд.