БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 17-марти соли равон тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бехатарии озуқаворӣ" маҷлиси хизбӣ доир гардид.
Дар маҷлиси мазкур Давлатова Роҳила - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис ду масъала, дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни Наврӯзи Ҷамшедӣ ва дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои меҳварии Паёми Пешвои миллат баррасӣ карда шуд.
Дар кори маҷлис гуфта шуд, ки Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни тоҷикон буда, эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб меравад. Бо саъю кӯшиши роҳбарияти Тоҷикистон ва пуштибониии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо- Наврӯз 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Ҳамчунин, намояндаи ҳизб Паёми Пешвои миллатро ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзуъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдорӣ ва устувории Ватан равшан сохт.