ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МАРКАЗИ ВНМО"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар вилояти Хатлон маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.
Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон, директори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар вилояти Хатлон Саидов Илёсиддин, аъзои ҲХДТ ва кормандони марказ иштирок доштанд.
Пас аз қабули қарорҳои дахлдор оиди таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва котиби масъул, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, тасдиқи нақша-чорабиниҳо оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ ташкилоти ибтидоии "Маркази ВНМО” номгузорӣ карда шуд.
Дар интиҳои маҷлис Саидзода Раҳмон баромад намуда, авалан ҳозиринро аз номи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба муносибати таъсиси ташкилоти ибтидоӣ муборак гуфта, доир ба таърихи таъсис, мавқеи имрӯзаи ҳизб ва дастовардҳои он бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.