АКСИЯИ ТОЗАГИИ МАҲАЛ ДАР ТЕППАИ ҚӮРҒОН

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар шаҳри Бохтар бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар теппаи Қӯрғони шаҳри Бохтар ҳашари дастаҷамъӣ ташкил гардида, як қатор корҳои тозагию ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар ин ҳашар иштирокдорон бехҳои гулҳо ва дарахтонро нарм намуда, гирду атроф ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои худрӯй ва ҳар гуна партовҳо тоза намуданд.                                       Ёдовар бояд шуд, ки чунин корҳои ободони дар дигар мавзеъҳои шаҳри Бохтар бо маром идома доранд.