БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ҶИҲАТИ ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ МАҲАЛ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4-уми феврали соли равон дар маркази шаҳри Бохтар аз тарафи шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, бо сокинони кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ ва кӯчаи Борбад ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои баландошëна суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.  

Ҳамзамон, аз ҷониби волонтёрони ҳизбӣ варақаҳои иттилоотӣ оиди даъвати бонувону занон ба тозагию ободии Ватани азизамон тақсим карда шуд.

https://hkhdtkhatlon.tj/bokhtar/view-news.php?view=16270