БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТАҚСИМИ БУКЛЕТҲО

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри аксияи тақсими буклетҳо баргузор карда шуд. Дар он аз ҷониби волонтёрони ҳизби вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, терроризм ва экстремизм, нашъамандӣ ва оқибатҳои он, сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, аз сокинон ҷиҳати ободиву тозагии маҳал, одоби шаҳрнишинӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ даъват ба амал оварда шуд.

https://hkhdtkhatlon.tj/bokhtar/view-news.php?view=16151