НАСБИ ЛАВҲАҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ин сари вақт тоза кардани партовҳо аз ҷойҳои муайяншуда мебошад. Шаҳри Бохтар маркази маъмурии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, бояд ҳар як сокини он одоби шаҳрнишиниро риоя намояд.                   

Тавре ки мегӯянд, солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани назди биноҳои истиқоматӣ ва эмин нигоҳ доштани саломатии кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар лавҳаи иттилоотӣ омода гардидааст, ки дар даромадгоҳи ҳар як хонаи истиқоматӣ насб гардида истодааст. Дар ин лавҳа аз истиқоматкунандагон хоҳиш гардидааст, ки ба ҷои кӯдакони ноболиғ бурдани партовҳоро волидайн ба ҷойҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.                                                                                     

Тавре ки мушоҳида гардид, баъзе сокинон партовҳоро ба ҷои муайяншуда набурда, дар дилхоҳ мавзеъҳое, ки худашон хоҳанд мепартоянд. Ҳато нон, ки беҳтарин неъмат аст ба қадраш нарасида, баъзе сокинон онро дар шафати роҳ партофтаанд, ки аз тарафи кормандони ширкати хонаҳои шаҳр ҷамъоварӣ гардиданд.                                                  

Бинобар ин, аз сокинони шаҳр эҳтиромона хоҳиш менамояем, ки барои саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳр ва тозаю озода намудани хонаи худ, кӯчаи худ ва маҳаллаи худ дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои коммуналӣ саҳмгузор бошанд.