ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4-уми январи соли ҷорӣ  бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни МТМУ-и №7-и маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар вохурӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур баргузор гардид.                                 

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло иштирок намуда, вобаста ба самту паҳлуҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, нуқтаҳои асосии онро ба сокинон шарҳу тавзеҳ доданд.