БАРГУЗОРИИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" ДАР МАҲАЛЛАИ ҒАЙРАТ ВА НАВОБОД

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар ва бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар оромгоҳҳои ҳудуди шаҳри Бохтар  аксияи ҳизбии умумивилоятӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир гардид.  Чунин ҳашарҳо дар оромгоҳҳои маҳаллаҳои Ғайрат ва Навободи шаҳри Бохтар роҳандозӣ гардид. Аз тарафи иштирокдорони аксияи мазкур як қатор корҳо аз қабили  ба тартиб даровардани  гирду атрофи оромгоҳои болозикр, тоза намудани даромадгоҳ, роҳравҳо ва бехҳои дарахтон аз алафҳои худрӯй ба анҷом расонида шуданд. Бояд қайд намуд, ки амалиёти умумвилоятии  "Рӯзи ёдоварӣ" яке аз ташаббусҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон буда, мақсад аз баргузории ин амалиёт,  тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва пос доштани хотираи гузаштагон ба шумор меравад.