Баргузории амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” дар маҳаллаи Сарчашмаи шаҳри Бохтар

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи  нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳаллаи Сарчашмаи шаҳри Бохтар бо ташаббуси шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, дастаҷамъии сокинони маҳалла ва бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, амалиёти умумивилоятӣ оид ба тозаю озода намудани дохил ва гирду атрофи оромгоҳҳо таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид.  Бояд ёдовар шуд, ки амалиёти мазкур якшанбеи охири ҳар моҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо  ташаббуси Кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад,ки  ҳадаф аз баргузор намудани ин амалиёти умумивилоятии "Рӯзб доварӣ" ин тозаю озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ба шумор меравад. Сокинони маҳаллаи Сарчашма ба ҳашари умуми баромада гирду атрофи оромгоҳро ба тартиб дароварда, даромадгоҳ, роҳравҳо ва бехҳои дарахтону ҷўйборҳои обгузарро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намудаанд. Бо мақсади оро додани гирду атрофи оромгоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳалли  70 бех ниҳоли ҳамешасабзи арча шинонида шуд.