Роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҳизбӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар дар ҳошияи руйдоди муҳими таърихӣ, ки “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”- эълон гардидааст, бо иштироки аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҳизбӣ доир гашт.

Боиси зикр аст, ки чаҳор ташаббусҳои қаблии байналмиллалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – (1) эълон гардидани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, (2) Солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт” ва (3) эълон шудани соли 2013 “Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, (4) Солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” ташаббусҳое мебошанд, ки бо пешниҳоди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуданд. Инак Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд, ки аз ин эътибори Тоҷикистону тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло хоҳад рафт.

Дар ҳамоиш роҳбарияти мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, роҳбарияти шаҳри Бохтар, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Боиси зикр аст, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ин хабари хуш мояи сарфарозӣ ва ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумлаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҷеъ ба муқарар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббус нишон дода шуда буд, аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муқарар карда шудааст.

Лозим ба зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод карда буданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд. Ҳамоиши мазкур ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим, яъне қабули қатъномаи саривақтии Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар самти обу иқлим аст, ки бо ташаббускориҳои навбатии ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегардад, доир шуд ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҳисси баланди ифтихор аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар баргузории ин ҳамоиш ташаббускорӣ нишон доданд.