АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ БОШ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  масъулин аксияи ҳизбии  "Пешгирӣ аз коронавирус" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "30-солагии Истиқлолият" гузаронида шуд.

дар чорабинӣ аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки барои пешгирии бемории сироятии коронавирус мо бояд дастҳоямонро бо собун шуем, ҳангоми зуком ва сулфазанӣ аз сачоқи коғазӣ (салфетка) истифода барем, масофаи муайяншударо риоя намоем, ниқобҳои тиббиро ба бар намоем ва албатта бояд ваксина гирем.