БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК ДАР ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1-и ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи муштараки Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ амалиёти муштарак таҳти унвони “Соати сиёсӣ” гузаронида мешавад. Бо ин мақсад санаи 26 ноябри соли ҷори дар Литсейи давлатии № 1 шаҳри Бохтар бо иштироки омӯзгорони фаъол миёни наврасон ва ҷавонон “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои: “Вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон, ” “Нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ”, “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар ” гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории амалиёти мазкур ин баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсии онҳо мебошад.