Табақаи ниёзманди ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор дорад.

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16.11.2022 ба муносибати 30-умин солгарди  Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва саховатмандон ба як қатор оилаҳои камбизоат ва ниёзманди қишри ҷомеа кумаки яквақтаинаи маводи ғизои аз қабили орд, равған, картошка,пиёз,гушт, шакар ва дигар маводҳои лозима расонида шуд. Бо боварии том гуфта метавонем, ки чунин шахсони саховатманду саховатпеша ҳамеша дастгири оилаҳои камбизоат ва ниёзманди қишри ҷомеа мебошанд.                                                                 Бояд қайд намуд,ки  таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ва ё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат буда, оилаҳои камбизоат ва ниёзманди қишри ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумат махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.