АКСИЯИ ҲИЗБИИ "30-СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” гузаронида шуд. Дар Аксияи мазкур волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар фаъолона иштирок намуда расмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷойҳои серодам ва даромадгоҳи шаҳри Бохтар ба сокинон ва ронандагон тақсим намуданд.