АЛБОМ-ЭСТАФЕТА БА ШАҲРИ БОХТАР РАСИД

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи 1-уми ноябри соли 2022 Аксияи “Албом-эстафета”, таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир гардида истодааст, ба шаҳри Бохтар расид.

Аз санаи 15-уми октябр то 1-уми ноябри соли 2022 дар доираи ин Аксия дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ доир гардид.

Дар маросими қабули Албом-Эстафета раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, собиқадорону фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Сипас бо иштироки зиёда аз 3 ҳазор нафар ба хусус, ҷавонон фаъолони шаҳр, омӯзгорон ва сокинони шаҳри Бохтар роҳпаймоӣ доир гардид.

Дар идомаи Аксияи мазкур вохӯрии фаъолони ҳизб бо сокинон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, шоири халқи Амиршоҳи Хатлони, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Назарзода Тутихон иштирок ва суханрони намуда, оиди нақши таърихи ва босазо доштани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда аз рафти баргузории иҷлосияи тақдирсоз иқтибосҳо оварда шуданд.

   Дар фарҷом, Албом-Эстафета ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ботантана супорида шуд.